САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Эълон

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд барои ишѓоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

  1. Сармутахассиси шуъбаи кадрҳои Сарраёсат- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2390,80 сомонӣ ;

              2. Сармутахассиси раёсати омори меҳнат, демографӣ ва таҳқиқоти буҷети хонаводаи Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2390,80сомонӣ;

   3. Сармутахассиси Раёсати омори кишоварзӣ, саноат ва инвеститсия дар сохтмони Сарраёсат - 1 ҷой, маоши мансабӣ- 2390,80 сомонӣ;

  4. Сармутахассиси Раёсати омори кишоварзӣ, саноат ва инвеститсия дар сохтмони Сарраёсат - 1 ҷой, маоши мансабӣ- 2390,80 сомонӣ;

           5. Мутахассиси Раёсати омори савдо ва нарху тарифҳои Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612,40 сомонӣ;

          6. Мутахассиси шуъбаи муҳосиботи Сарраёсат- 1 ҷой, маоши мансабӣ 1612,40 сомонӣ;

          7. Мутахассиси Раёсати омори меҳнат, демографӣ ва таҳқиқоти буҷети хонаводаи Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1612,40 сомонӣ; ;

          8. Мутахассиси шуъбаи кадрҳои Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1612,40 сомонӣ; .

Раёсати омори шаҳри Панҷакент

9.Муовини сардори Раёсати омори шаҳри Панҷакент – 1 ҷой, маоши

   мансабӣ- 3752,45 сомонӣ;

     10. Сармутахассиси Раёсати омори шаҳри Панҷакент- 1 ҷой, маоши мансабӣ- 2279,60 сомонӣ;

                                     Раёсати омори шаҳри Конибодом

11. Сармутахассиси Раёсати омори шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ;

12. Мутахассиси Раёсати омори шаҳри Конибодом – 1ҷой, маоши мансабӣ- 1529,00 сомонӣ;

                                 Раёсати омори ноҳияи Спитамен

13. Сармутахассиси Раёсати омори ноҳияи Спитамен – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 2168,40 сомонӣ;

Раёсати омори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

14. Мутахассиси пешбари Раёсати омори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1529,00 сомонӣ;

Шуъбаи омори ноҳияи Мастчоҳ

15.Мутахассиси пешбари шуъбаи омори ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши

мансабӣ- 1779,20 сомонӣ;

16.Мутахассиси шуъбаи омори ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ

1459,50 сомонӣ;

Шуъбаи омори ноҳияи Зафаробод

17.Мутахассиси пешбари шуъбаи омори ноҳияи Зафаробод – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ;

18.Мутахассиси шуъбаи омори ноҳияи Зафаробод – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,50 сомонӣ;

Бахши омори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

19. Мутахассиси пешбари бахши омори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ- 1 ҷой,

маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ;

Раёсати омори шаҳри Истаравшан

20. Мутахассиси Раёсати омори шаҳри Истаравшан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1529,00 сомонӣ;

Шуъбаи омори ноҳияи Айнӣ

   21. Мутахассиси пешбари шуъбаи омори ноҳияи Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ;

22.Мутахассиси шуъбаи омори ноҳияи Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,50 сомонӣ;

ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН:

Барои ишғоли мансаби маъмурии категорияи дуюм (муовини сардори Раёсат):

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос – иқтисодиёт, риёзиёт;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишѓоли мансаби маъмурии категорияи панљум (сармутахассис):

- тањсилоти олии касбї, ихтисос – иқтисодиёт, риёзиёт;

- 2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї;

- малакаи хуби муошират бо ањли љомеа, аз љумла мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї.

Барои ишғоли мансаби маъмурии категорияи шашум (мутахассиси пешбар):

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- ихтисос – иқтисодиёт, риёзиёт.

Барои ишғоли мансаби маъмурии категорияи ҳафтум (мутахассис):

- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- ихтисос – иқтисодиёт, риёзиёт.

ХУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА:

- аризаи шахсӣ ба унвони сардори Сарраёсати Агентии омори назди

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Cуғд;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо ( 2 дона расми 4х6) ;

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

   надорад);

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

       Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 21 рўз баъди нашри эълон буда, хоҳишмандон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 28, бинои 1, тел. (83422) 5-43-74, 5-69-44 муроҷиат намоянд.

Сардори Сарраёсат                                   Њокимбек Накњатзода

Коррупсия – омили монеа дар роҳи рушд

Коррупсия дар ҷаҳони имрўза дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон монеаҳои ҷиддӣ эљод карда, боиси мушкилоти зиёд гардида истодааст.

Ин амал бо истифодаи нодурусти қудрат ва мавқеи расмӣ барои манфиатҳои шахсӣ алоқаманд аст ва метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла ришваситонӣ, сўистифода аз мақом, хешутаборбозӣ ва дуздӣ аз манъбаи давлатӣ зоҳир шавад.

Омилҳои асосии коррупсия нокифоягии назорат ва танзим дар идораҳои давлатӣ, маърифати паст ва маънавияти пасти шахсоне, ки дар идораҳо кор мекунанд, ҳамчунин норасоии шаффофият дар равандҳои қабул ва иҷрои қарорҳо ва номуайянии қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Коррупсия таъсири манфӣ ба тамоми соҳаҳои ҷомеа мерасонад. Аз нигоҳи иқтисодӣ, он ба коҳишёбии маблаггузориҳо, хароҷотҳои барзиёди давлатӣ сабаб мешавад.

Аз нигоҳи иҷтимоӣ, коррупсия боиси коҳиши эътимоди шаҳрвандон ба ҳукумат ва адолати иҷтимоӣ мегардад, ки дар натиҷа ноадолатӣ ва нобаробарӣ дар ҷомеа афзоиш меёбад. Аз ҷиҳати сиёсӣ, коррупсия ба сустшавии низомҳои демократӣ ва таҳкими режимҳои авторитарӣ мусоидат мекунад. Барои мубориза бо коррупсия, таҳкими қонунгузорӣ ва назорати қатъии фаъолияти идораҳои давлатӣ зарураст.

Подробнее...

Мақомоти омори вилояти Суғд аз фаъолияти солонаи худ натиҷабардорӣ намуд

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори вилояти Суғд дар соли 2024 ҷаласаи мушовара баргузор гардид.

Подробнее...

Президент будан ин ҷасорат аст

Бо маќсади дар сатњи баланд љашн гирифтани Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд љамъомади тантанавї баргузор гардид.

111MG 110241115 WA0004

Дар оѓози чорабинї аз љониби муовини сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд, Исомадинї Садриддин дар бораи хизматњои шоёни Президенти Љумњурии Тољикистон дар самти њифзи истиќлолу озодї, эњёи давлатдории навин ва сарљамъии миллат, афзалияти шакли идораи президентї ба таври муфассал маърўза пешнињод шуд.

муфассал

РЎЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Имрўз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд бахшида ба Рўзи Иттифоќњои касаба ва арафаи љашни 30-солагии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон чорабинии тантанавї баргузор гардид.

IMG 20241024 WA0017

Дар чорабинї раиси Кумитаи Иттифоќњои касабаи кормандони муассисањои давлатї, љамъиятї ва бонкии вилояти Суѓд - Љамолов Хайруллохон Ѓайбуллоевич иштирок намуд.

Зимни чорабинї аз љониби сардори Сарраёсат Њокимбек Накњатзода барои дастгирї ва њамкории њамешагии раиси Кумитаи Иттифоќњои касабаи кормандони муассисањои давлатї, љамъиятї ва бонкии вилояти Суѓд бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.

Подробнее...